Вохӯрии Президенти Туркманистон бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

28.03.2025 12:42

28.03.2025.12.40.jpg

27 марти соли 2025 Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимуҳамедов вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддинро, ки дар шаҳри Ашқобод бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар Вохӯрии 20-уми вазирони “Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо” қарор дошт, ба ҳузур пазируфт.

С. Муҳриддин паёми самимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Туркманистон расонид.

Зимни мулоқот ҳамсӯҳбатон доираи васеи масоили ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистонро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, саноат ва энергетика баррасӣ карда, аз сатҳи кунунии муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба миёни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Дар зимн омодагӣ барои идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар ҳамаи соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ тасдиқ карда шуд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим