Мулоқот бо муовини Сарвазир ва вазири тандурустии Миср

26.03.2025 15:58

25 марти соли 2025 мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Миср Парвиз Мирзозода бо муовини Сарвазир-вазири тандурустӣ ва аҳолии Миср Холид Абдулғаффор доир гардид.

Ҷонибҳо ҳамкории Тоҷикистону Мисрро дар самти беҳдошти тандурустӣ, аз ҷумла, таъсиси корхонаҳои муштараки дорусозӣ ва тарбияи кадрҳо мавриди баррасӣ қарор доданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим