Муносибатҳои Тоҷикистон бо Лаҳистон

01.03.2013 10:10

Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Полша 11 феврали 1992 барқарор гардидаанд.    

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Полша дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  (бо қароргоҳаш дар Тошканд) Пётр Игнатси Ивашкевич мебошад.

Соли 1995 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи махсуси Президенти Ҷумҳурии Полшаро ба ҳузур пазируфтанд, ки зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ миёни ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Заминаи рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судманд дар рафти мубодилаи сафарҳои расмии Президенти Ҷумҳурии Полша ба Душанбе дар соли 2002 ва сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Варшава дар соли 2003 гузошта шуд.

Соли 2018 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Полша Анҷей Себастян Дуда  мулоқот анҷом доданд.

Дар доираи барномаи мубодила байни донишгоҳҳо омӯзгорони Полша ҷиҳати таълим додани донишҷӯёни тоҷик ба Тоҷикистон сафар менамоянд.

Пояи шартномавӣ-ҳуқуқии ҳамкории байнидавлатӣ зиёда аз 15 созишномаро дар бар мегирад.

Нигористон

Тақвим