Мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон бо вакили Маҷлиси намояндагони Парлумони Ҷопон

22.09.2016 06:22

20 сентябри соли 2016 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон Ҳамрохон Зарифӣ бо вакили Палатаи намояндагони Парлумони Ҷопон - Муовини раиси Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ миёни Тоҷикистон ва Ҷопон ҷаноби Кэйҷи Фуруя мулоқот анҷом дод.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ, энергетикӣ, сармоягузорӣ, инчунин татбиқи тарҳҳои муштарак дар соҳаҳои энергетика ва истихроҷи канданиҳои фоиданокро баррасӣ намуданд. Тарафҳо иброз доштанд, ки имкониятҳои фаровони мутақобилаи истифоданашуда миёни ду кишвар метавонад ҷиҳати робитаҳо дар соҳаҳои мазкур босамар истифода шаванд.

Миёни маҷмӯи масоили баррасишуда, ҳамчунин зарурати фаъолгардонии ҳамкорӣ дар доираи Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ ва таҳкими робитаҳо миёни сохторҳои соҳавии ду кишвар таъкид гардидаанд.

Мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония бо  вакили Маҷлиси намояндагони Парлумони Япония

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим