21 сентябри соли 2016 дар Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлоси 71-уми Маҷмаи умумии СММ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳуддин Раббонӣ мулоқот доир намуд.
Дар рафти суҳбат масъалаҳои мубрами рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
