Муносибатҳои Тоҷикистон бо Мексика

12.03.2025 13:21

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Штатҳои Муттаҳидаи Мексика 14 январи соли 1992 барқарор шудаанд.

Сафири Штатҳои Муттаҳидаи Мексика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо иқоматгоҳ дар ш. Теҳрон) ҷаноби Гилиермо Алехандро Пуэнте Ордорика (аз соли 2022) мебошад.

Равобити Тоҷикистон бо Мексика дар ҳоли ташаккул ва рушд буда, айни замон бо пешбурди ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва табодули паёму номаҳои табрикӣ маҳдуд аст. Боиси зикр аст, ки ҳарду кишвар дар доираи узвият дар Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об шарикии самаранок доранд. Мексика дар ин робита аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об пуштибонӣ карда, Тоҷикистон дар навбати худ номзадии Мексикаро барои узвият дар сохторҳои гуногуни СММ дастгирӣ намудааст. 

5 сентябри соли 2017 дар ш. Сямени Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҳошияи иштирок дар Муколамаи кишварҳои рушдёбанда ва давлатҳои аъзои БРИКС Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Штатҳои Муттаҳидаи Мексика ҷаноби Энрике Пения Нието роҷеъ ба вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳо миёни ду кишвар мулоқот анҷом доданд.

Гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Мексика дар соли 2023 - 732,8 ҳазор доллари ШМА-ро ташкил додааст.

Заминаи қарордодӣ-ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистон бо Мексика дар ҳоли ташаккулёбӣ қарор дорад. Дар ин зимн, 26 сентябри соли 2019 дар ҳошияи иҷлоси 74-уми Маҷмаи Умумии СММ Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Штатҳои Муттаҳидаи Мексика дар бораи бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ба имзо расид.

12.03.2025

Нигористон

Тақвим