Муносибатҳои Тоҷикистон бо Куба

11.03.2025 13:48

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Куба 25 марти соли 1992 барқарор шудаанд.

Сафири Куба дар Тоҷикистон ҷаноби Оскар Сантана Леон (бо иқоматгоҳ дар ш.Остона) мебошад (аз соли 2022).

Дар ҳоли ҳозир муносибатҳои дуҷонибаи сиёсӣ бо мубодилаи паёмҳо ва мулоқотҳои расмӣ маҳдуд мегарданд.

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрел то 10 майи соли 2009 бо даъвати Донишкадаи дӯстии халқҳои Куба дар кори бригадаи 4-уми байналмилалии ҳамраъйӣ бо Куба «Якуми май» иштирок намуданд.

 25 октябри соли 2019 дар ш. Боку мулоқоти муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Куба Бруно Родригес Парилия баргузор шуда, зимни он ҳолат ва дурнамои густариши муносибатҳои ду кишвар дар соҳаҳои гуногун баррасӣ гардиданд ва перомуни ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, бавежа СММ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Фарҳод Салим дар ҳошияи “Саммити сарони кишварҳо ва ҳукуматҳои Гурӯҳи 77 ва Чин оид ба масъалаҳои ҷории рушд: нақши илм, технология ва навоварӣ”, ки рӯзҳои 15-16 сентябри соли 2023 дар ш. Гаванаи Куба баргузор гардид, мулоқотҳои алоҳида бо вазири тандурустии Ҷумҳурии Куба Хосе Анхел Портал Миранда, муовини вазири корҳои хориҷии Куба Анайанси Родригес Камехо, Ноиби Президенти “Биокубафарма” доктор Эулоҳио Пиментел Васкес доир кард. Зимни вохӯриҳо дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Куба дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва сайёҳӣ, инчунин ҳамкориҳои мутақобила дар доираи созмонҳои байналмилалӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.

Пояи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳо байни Тоҷикистон ва Куба ҳанӯз дар ҳоли ташаккулёбист.

11.03.2025

Нигористон

Тақвим