Муносибатҳои Тоҷикистону Дания

10.03.2025 18:16

Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Дания 21 январи соли 1992 барқарор шудаанд.

Ҳамкориҳои сиёсӣ (мубодилаи сафарҳо) Дар марҳалаи нахустини робитаҳои Тоҷикистону Дания баъд аз истиқрори робитаҳои дипломатӣ, як қатор мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни роҳбарони ниҳодҳои сиёсати хориҷӣ баргузор гардидаанд, ки дар рафти онҳо самтҳои асосии муносибатҳои ду кишвар баррасӣ ва мушаххас шудаанд.

8 октябри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Дания Пер Стиг Меллерро ба ҳузур пазируфтанд.

7-18 декабри соли 2009 дар пойтахти Шоҳигарии Дания - шаҳри Копенгаген ҷаласаи 15-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид доир ба тағйирёбии иқлим (COP 15) баргузор гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

22 январи соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи вакилони парлумони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) аз Шветсия ва Данияро таҳти сарварии узви Кумитаи оид ба мудофиаи парлумони ин созмон Кент Харстед ба ҳузур пазируфтанд.

23-24 октябри соли 2014 - ҳайати Бюрои минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ бо роҳбарии директори минтақавӣ хонум Жужанна Якаб ва Улёҳазрат, ҳамсари Валиаҳди Дания хонум Мэри ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Дар ҷараёни сафари мазкур вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо Директори Дафтари минтақавии аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) Жужанна Якаб ва Улёҳазрат, ҳамсари Валиаҳди Дания хонум Мэри, ки сарпарасти Дафтари минтақавии аврупоии СУТ мебошад, баргузор гардид.  

21 январи соли 2022, миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Подшоҳии Дания Фредериксен Метте ба муносибати 30-юмин солгарди истиқрори робитаҳои дипломатӣ мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.

Ҳаҷми гардиши мол миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Дания дар  соли 2024  зиёда аз 1,82 миллион доллари ШМА-ро ташкил дод.

Ҷонибҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ низ ҳамкорӣ доранд. 

10.03.2025

Нигористон

Тақвим