20 сентябри соли 2016 дар ш. Ню Йорк мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Муовини Котиби давлатии ИМА оид ба масъалаҳои амнияти шаҳрвандӣ, демократия ва ҳуқуқи инсон Сара Севалл баргузор гардид.
Зимни суҳбат ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва ИМА-ро дар самтҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор доданд.
