18-уми феврали соли 2025 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Ҳ. Шарифзода сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Федеративии Демократии Ҳабашистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар ш. Исломобод) доктор Ҷамол Бакр Абдуллоро ба муносибати супоридани нусхаи эътимоднома ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо сатҳи кунунии робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва дигар масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan