Иштирок дар Мулоқоти сатҳи баланди Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаи кӯчиши оммавии паноҳандагон ва муҳоҷирон

20.09.2016 04:55

19 сентябри 2016 дар Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлоси 71-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар Мулоқоти сатҳи баланди Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаи кӯчиши оммавии паноҳандагон ва муҳоҷирон иштирок намуда, дар яке аз мизҳои мудаввари чорабинии мазкур суханронӣ намуд.

Вазири корҳои хориҷӣ ҳангоми таъкид аз мушкилиҳо ва чолишҳои марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла ба зарурати андешидани чораҳои муштарак дар ҳама сатҳҳо ҷиҳати беҳтар намудани раванди муҳоҷират, хоссатан мутобиқгардонӣ ва ҳамгироии муҳоҷирони меҳнатӣ дар кишварҳои мизбон, инчунин тадбирҳо оид ба мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ таъкид кард.

Иштирок дар Мулоқоти сатҳи баланди Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаи кӯчиши оммавии паноҳандагон ва муҳоҷирон

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим