Маъракаи ниҳолшинонӣ

17.02.2025 18:31

15 феврали соли 2025 дар ноҳияи Шоҳмансури ш.Душанбе дар қитъаи замини Маркази хизматрасонии техникии корпуси дипломатии ВКХ маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид.

Дар он намояндагони зиёда аз 40 давлат иштирок намуда, беш аз 200 ниҳоли сановбар шинонданд.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин қайд намуд, ки маъракаи ниҳолшинонӣ дар пайравӣ ба ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.

"Вазорати корҳои хориҷӣ дар оянда низ маъракаи ниҳолшинониро дар мавзеъҳои гуногуни кишвар идома медиҳад” - таъкид дошт, роҳбари ниҳоди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

 

Нигористон

Тақвим