Ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Покистон

19.09.2016 12:00

15 сентябри соли 2016 дар меҳмонхонаи Серенаи шаҳри Исломобод бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии расмии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон баргузор гардид.

Дар он ба ҳайси меҳмони асосӣ Вазири федеролии обу энергетика, ҳамзамон Вазири федеролии мудофиа ва ҳамраиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии ду кишвар оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ ва Комиссияи муштарак дар соҳаи энергетика ва инфрасохтор байни Тоҷикистону - Покистон Хоҷа Муҳаммад Осиф расман Ҳукумати Покистонро намояндагӣ намуд.

Инчунин, ба сифати меҳмонони фахрӣ Волии музофоти Панҷоб – Малик Муҳаммад Рафиқ Раҷвана, Мири шаҳри Исломобод Ансор Азиз,  Муовини вазири корҳои хориҷӣ Воҳид-ул-Ҳасан ва дигар ҳайати роҳбарикунандаи Вазорати корҳои хориҷии Покистон, президенти Федератсияи палатаҳои савдо ва саноати Покистон Абдул Рауф Олам, намояндагони дигар сохторҳои ҳукуматӣ, вакилони Ассамблеяи Миллӣ ва Сенат,  ходимони воломақоми ҳизбҳои гуногуни сиёсӣ, роҳбарони мактабҳои олӣ, афсарони баландпояи Қувваҳои Мусаллаҳ, доираҳои тиҷоратӣ ва илмиву ҷамъиятии кишвари иқомат, ҳайатҳои расмии музофотҳои Покистон, роҳбарони намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷӣ ва институтҳои байналмилалии молиявии  воқеъ дар Исломобод,  сардорони намояндагиҳои СММ ва сохторҳои зертобеи он, аъзоёни хонадони шоири Машриқзамин Аллома Муҳаммад Иқбол ва аҷдодони орифи машҳур Султон Боҳу, аъзоёни ҷамъияти тоҷикони муқими Покистон ширкат варзиданд.

Дар арафаи чорабинӣ дар васоити ахбори оммаи покистонӣ маводҳо оид ба рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Покистон, аз ҷумла дар соҳаи энергетика ба нашр расида, сабтҳои рафти чорабиниҳои давлатии Тоҷикистон аз тариқи телевизиони давлатӣ намоиш дода шуд.

Дар доираи чорабинӣ зиёфати расмӣ доир гардида, ба самъи ҳозирин нашрияҳо дар бораи Тоҷикистон ва наворҳо бахшида ба ҳамкории фарогиру гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Покистон пешниҳод шуданд.

Ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Покистон

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим