Вохӯрии Сафир бо Президенти Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ

19.09.2016 10:48

15 сентябри соли 2016 вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон Ҳамрохон Зарифӣ бо Президенти Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) Шиничи Китаока баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба вазъияти кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои самараноки дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Миёни ҷонибҳо ҳамчунин доир ба татбиқи натиҷаҳои мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷопон муҳтарам Синдзо Абэ дар доираи масъалаҳои болозикр гуфтугӯ сурат гирифт.

Ба фаъолияти JICA дар Тоҷикистон, ки ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф ва рушди захираҳои инсонӣ, тандурустӣ, сохтмон ва таҷдиди роҳҳо, энергетика, таҳкими иқтидори кишоварзӣ, обтаъминкунии аҳолӣ, рушди бахши хусусӣ ва ғайра мусоидат менамояд, баҳои баланд дода шуд.

Аҳамияти татбиқи тарҳҳои муштарак дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омодасозии мутахассисони ҷавон дар доираи “Барномаи бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди иқтидори захираҳои инсонӣ” (JDS) батафсил муҳокима гардид.

Вохӯрии Сафир бо Президенти Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим