Иштироки Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ

16.09.2016 06:06

16 сентябри соли 2016 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти  роҳбарии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Аслов дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ш. Бишкек иштирок кард.
 
Дар ҷаласа, ҷонибҳо доир ба масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор намуда, роҷеъ ба мутобиқкунии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба воқеияти муосир, таҳкими ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризми байналмилалӣ, экстремизм, қочоқи маводи нашъаовар, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, ҳамкориҳои байниминтақавӣ, инчунин оид ба густариши робитаҳои фарҳангӣ дар доираи  Барномаи байнидавлатии “Пойтахтҳои фарҳангии ИДМ” ва Барномаи чорабиниҳои афзалиятноки гуманитарӣ қарорҳои дахлдор қабул карданд.  

Иштироки Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим