14 сентябри соли 2016 мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Япония Ҳамрохон Зарифӣ бо Ноиби Президенти Созмони байналмилалии Сока Гаккай (Soka Gakkai International) ҷаноби Кенҷи Йёшиго барпо гардид.
Зимни гуфтугӯ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии Сока Гаккайро дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг ва бостоншиносӣ, инчунин дигар самтҳои афзалиятноки мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ намуданд.
Табодули пешниҳодҳои самаранок ҷиҳати ба роҳ мондани робитаҳо дар самтҳои нав миёни мусоҳибон сурат гирифта, ҳамчунин ҷиҳати баргузории чорабиниҳои муштарак, махсусан дар соҳаҳои илму маориф ва фарҳанг, ки ба тавсеаи муносибатҳо ва нақши муассир дар ҳамкориҳои Тоҷикистону Япония хоҳад дошт, таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
