Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҳошияи Шӯрои ВКХ ИДМ

15.09.2016 17:58

15 сентябри соли 2016 дар ш.Бишкек дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот тарафҳо масоили васеи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, инчунин дурнамои рушди ҳамкориҳои мутақобилан судмандро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамзамон, ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ ва ҳамкориро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор намуданд.

Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҳошияи Шӯрои ВКХ ИДМ

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим