Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Латвия 11 майи соли 1994 барқарор шудаанд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Латвия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рейнис Трокша (аз соли 2021 бо қароргоҳаш дар ш. Тошканд) мебошад.
Заминаи рушди муносибатҳои сиёсӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд дар рафти мубодилаи сафарҳои дуҷонибаи сатҳи олӣ гузошта шудааст.
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Латвия дар соли 2009 рӯйдоди муҳим дар таърихи муносибатҳои Тоҷикистону Латвия ба шумор меравад. Дар ҷараёни сафари мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Латвия - Валдис Затлерс вохӯрда, ҳамроҳ бо ҳамтои латвиягии худ дар бизнес-форуми муштараки Тоҷикистону Латвия иштирок намуд.
Соли 2009 сафари ҷавобии давлатии Президенти Ҷумҳурии Латвия, ҷаноби Валдис Затлерс ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Дар ҷараёни ин сафар дар Қасри Миллат мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Эмомалӣ Раҳмон бо Валдис Затлерс баргузор гардид.
Соли 2014 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Латвия, ҷаноби Андрис Берзинш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо гардид. Дар ҷараёни сафари зикршуда Андрис Берзинш бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Эмомалӣ Раҳмон мулоқот намуд.
Машваратҳои сиёсӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Латвия ду маротиба солҳои 2014 ва 2023 баргузор гардидаанд.
Пояи шартномавӣ-ҳуқуқии ҳамкории ду давлат чордаҳ созишномаҳои байниҳукуматӣ ва байниидоравиро дар бар мегиранд. Миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Латвия санадҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод, тиҷорат, маориф, тандурустӣ, нақлиёт ва сайёҳӣ ба имзо расидаанд.
Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Латвия дар соҳаи иқтисод ва тиҷорат дар марҳилаи густариш қарор дорад.
Ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар дар соли 2024 – 1946 ҳазор доллари ШМА-ро ташкил дод. Содирот 353,2 ҳазор доллари ШМА ва воридот 1592,8 ҳазор доллари ШМА - ро ташкил дод.
10.03.2025