3 декабри соли 2024 дар чорабинии Top Asia Corporate Ball 2024 Тоҷикистон бо ҷоизаи бонуфузи сайёҳии «Кишвари дорои манзараҳои беҳтарини табиӣ дар Осиё» сарфароз гардид. Ин ҷоиза эътирофи байналмилалии манзараҳои афсонавии табиати Тоҷикистонро аз қабили кӯҳҳои Помир ва Фон, кӯлҳои Искандаркӯл ва Қарoкӯл инъикос менамояд. Ҷомеаи сайёҳии Малайзия тамоюли Тоҷикистонро ба сайёҳии устувор ва ҳифзмуҳитӣ ҷиҳати муаррифии кишвар ҳамчун макони пешсаф барои сайёҳони экологӣ баланд арзёбӣ намуд.
Ҷоиза ба сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия, Ардашер Қодирӣ супорида шуд. Маҷаллаи “Top 10 of Asia”, ки яке аз бонуфузтарин нашрияҳо дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ба ҳисоб меравад, таҳқиқоти васеъ гузаронида, фикру андешаҳои сайёҳон ва мутахассисони соҳаи сайёҳиро ҷамъ оварда, ба чунин хулоса расидааст. Ин ҷоиза аз ҷолибияти рузафзуни Тоҷикистон ҳамчун яке аз самтҳои маъруф барои сайёҳӣ ва аз талошҳои кишвар ҷиҳати тарғиби мероси табиӣ ва фарҳангии он дар арсаи ҷаҳонӣ шаҳодат медиҳад.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan