Иҷлоси 19-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО

03.12.2024 15:30

2 декабри соли 2024 дар шаҳри Асунсиони Ҷумҳурии Парагвай иҷлоси 19-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО ба кори худ шурӯъ намуд. Чорабинии мазкур то 7 декабри соли 2024 идома ёфта, дар он намояндагони кишварҳои узви Конвенсия оид ба ҳифзи ёдгориҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ иштирок доранд. 

Зимни ҷаласа Ҷумҳурии Тоҷикистон номинаҳои муштараки “Ҷашни Меҳргон” ва “Санъати сохту навохтани рубоб”-ро барои воридан кардан ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият пешниҳод кардааст.

Дар ифтитоҳи ҷаласа Президенти Ҷумҳурии Парагвай Сантяго Пеня ва мудири кулли ЮНЕСКО Одри Азуле суханронӣ карданд.

Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам дар кори иҷлоси 19-уми ЮНЕСКО ширкат доранд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

 

Нигористон

Тақвим