Иштироки вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар вохӯрии 5-уми вазирони корҳои хориҷии сиғаи «Осиёи Марказӣ - Чин»

01.12.2024 12:04

 

 1 декабри соли 2024 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар шаҳри Чэндуи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар вохӯрии 5-уми вазирони корҳои хориҷии сиғаи «Осиёи Марказӣ - Чин» иштирок кард.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни суханронӣ мавқеи кишварро оид ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷониба дар доираи сиғаи мазкур, фаъолияти абзорҳои корӣ ва котиботи он ироа намуд.

Дар интиҳои ҷаласа Изҳороти муштарак оид ба натоиҷи вохӯрии 5-уми вазирони корҳои хориҷии сиғаи «Осиёи Марказӣ - Чин» ба имзо расид.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим