15 ноябри соли 2024 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири Ҷумҳурии Италия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Агостино Пиннаро бинобар ба итмом расидани ваколаташ ба ҳузур пазируфт.
Зимни вохӯрӣ тарафҳо қаноатмандии худро роҷеъ ба муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Италия тайи чанд соли охир изҳор намуда, умедвории худро аз рушд ва таҳкими ин муносибатҳо баён намуданд.
Дар фарҷоми мулоқот вазири корҳои хориҷӣ ба Агостино Пинна дар фаъолиятҳои ояндаи касбиаш муваффақиятҳоро таманно кард.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan