Вохӯрӣ бо муовини Президенти Хадамоти захираҳои инсонии Корея оид ба масъалаҳои қувваи кории хориҷӣ ва шуғли ҷаҳонӣ

05.11.2024 13:43

5 ноябри соли 2024 дар шаҳри Сеул муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ бо муовини Президенти Хадамоти захираҳои инсонии Корея оид ба масъалаҳои қувваи кории хориҷӣ ва шуғли ҷаҳонии Лим Син Мук мулоқот кард.

Зимни суҳбат ҷонибҳо аз имзои Ёддошти тафоҳум оид ба фиристодан ва қабули кормандон тавассути низоми иҷозати кор миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва Вазорати шуғл ва меҳнати Корея истиқбол намуда, дар мавриди татбиқи он, аз ҷумла таъсиси Маркази низоми иҷозати шуғл дар Тоҷикистон ва фиристодани шаҳрвандони кишвар барои фаъолияти муваққатии меҳнатӣ ба Корея мубодилаи афкор намуданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим