Мулоқот бо сафири Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

14.10.2024 17:03

14.10.2024.17.02.jpg

14 октябри соли 2024 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Денисенко мулоқот анҷом дод.

Зимни он ҷонибҳо вазъият ва дурнамои рушди муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Беларусро дар самтҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Беларус иқомат доранд, муфассал баррасӣ намуда, доир ба ҳамкории ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Беларус табодули афкор намуданд.

Музокирот дар фазои созанда ва дӯстона сурат гирифт.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим