10 октябри соли 2024 сафари кории сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов ба шаҳри Магдебурги музофоти федеролии Саксония-Анҳалт баргузор гардид.
Зимни сафар мулоқоти сафир бо Сарвазири замини Саксония Анҳалт Райнер Хазелофф ва вазири иқтисод, сайёҳӣ, кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангали ин музофот Свен Шулсе сурат гирифта, масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сармоягузорӣ, иқтисоду тиҷорат, нерӯи таҷдидпазир, ҳамкориҳои илмӣ-техникӣ ва ҷалби мутахассисон аз Тоҷикистон матраҳ гардиданд.
Дар доираи сафари мазкур сафир аз ҷониби Президенти Ландтаги (Парлумони) музофоти федеролии Саксония-Анҳалт Гуннар Шелленбергер ба ҳузур пазируфта шуд.
Дар вохӯрӣ бо шаҳрдори Магдебург, ваколатдор оид ба фарҳанг, мактабҳо ва варзиш Регина-Долорес Штилер-Ҳинз ҷонибҳо дар мавриди тавсеаи ҳамкориҳои минтақаҳои Тоҷикистон бо шаҳри Магдебург мубодилаи афкор намуданд.
Ҳамчунин, бо мақсади рушд ва фаъолсозии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо музофоти Саксония-Анҳалт мулоқоти сафир бо роҳбарони Палатаи савдо ва саноати шаҳри Магдебург Элиза Хайнке ва Нилс Аппелт баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ байни ширкатҳои Тоҷикистон ва музофоти мазкур, ташкили форумҳои иқтисодӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Магдебург баррасӣ гардиданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan