28 сентябри соли 2024 дар шаҳри Ҳамбург дар ҳамкорӣ бо Консулгарии фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар музофотҳои федеролии Ҳамбург, Шлезвиг-Ҳолштайн ва ҷамъиятҳои ҳамзабонон дар ин шаҳр ҷашни таърихии ниёгони тамоми мардуми форсизабон – Меҳргон баргузор гардид.
Зимни чорабинӣ сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов оид ба ҷашни Меҳргон дар Тоҷикистон ва нақши ин ойини тоҷикон ҳамчун омили муҳимми таҳкими ҳувияти миллӣ суханронӣ намуда, дар мавриди дастовардҳои кишвар дар давраи Истиқлоли давлатӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan