Вохӯрии сафири Тоҷикистон бо котиби генералии Вазорати кишоварзӣ ва саноати хӯроквории Молдова

01.10.2024 17:18

01.10.2024.17.15.jpg

27 сентябри соли 2024 дар шаҳри Кишинёв вохӯрии сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Молдова бо қароргоҳ дар Киев Давлаталӣ Назризода бо котиби генералии Вазорати кишоварзӣ ва саноати хӯроквории Ҷумҳурии Молдова Сержиу Герчиу баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо таваҷҷуҳи асосиро ба таҳким ва рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Молдова дар соҳаи кишоварзӣ ва саноати хурокворӣ равона карданд. Ба роҳ мондани робитаҳои судманд, аз ҷумла, табодули таҷриба байни мутахассисони соҳаи боғдорӣ ва ангурпарварӣ муҳим арзёбӣ гардид.

Намояндаи Дафтари миллии ангур ва шароби Ҷумҳурии Молдова Владимир Коробка, ки дар мулоқот иштирок дошт, доир ба таҷрибаи бойи ангурпарварон ва шаробсозони кишвараш,  аз ҷумла оид ба истеҳсоли навъи нави шароб бидуни машруботи спиртӣ, маълумот дод.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим