Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Италия оид ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ, ки 23 апрели соли 2024 зимни сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Италия ба имзо расида буд, пас аз анҷоми гузаронидани расмиёти зарурии дохилидавлатӣ аз ҷониби ҳар ду кишвар, аз 14 октябри соли 2024 эътибор пайдо хоҳад кард.
Тибқи муқаррароти Созишномаи мазкур, шаҳрвандони Тоҷикистону Италия, ки дорандаи шиносномаҳои дипломатӣ мебошанд, метавонанд ба ҳудуди ҳамдигар бе дастрасии раводид ба муддати на зиёда аз навад (90) рӯз дар давоми як саду ҳаштод (180) рӯз ворид ва будубош намоянд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan