Таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Женева

19.09.2024 10:04

17 сентябри соли 2024 Сафорат/Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева 33-солагии Истиқлолияти давлатии кишварро ботантана ҷашн гирифт.

Дар чорабинӣ роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ, корпуси дипломатии муқими шаҳри Женева, намояндагони бахши хусусӣ, матбуот ва ҳамватанони мо дар Швейтсария ширкат варзиданд.

Дар суханронии худ, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода ба аҳамияти Истиқлолият, ҳифзи арзишҳои он ва дастовардҳои назарраси кишвар таваҷҷуҳи ҳозиринро ҷалб намуда, саҳми арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бунёди Тоҷикистони соҳибистиқлол таъкид кард. Инчунин, дурнамо ва ҳамкориҳои фарогири судманд байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, созмонҳои байналмилалӣ ва Конфедератсияи Швейтсария қайд карда шуд.

Дар ҳамоиши идона китобҳои Пешвои миллат оид ба таъриху фарҳанги тоҷикон, ҳунарҳои мардумӣ, гӯшаи дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони Истиқлол ва таомҳои миллӣ муаррифӣ гардида, аксҳо, манзараҳои зебои кишвар,  намунаҳои санъати миллии тоҷик, аз ҷумла либосҳои миллӣ ва асбобҳои мусиқӣ ба намоиш гузошта шуданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим