17 сентябри соли 2024 сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ бо директори генералии Агентии танзимкунандаи фаъолияти хайриявии Давлати Қатар Иброҳим Абдулло ал-Дуҳаймӣ мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами робитаҳои дуҷонибаро дар заминаи ҳамкориҳои башардӯстонаю гуманитарӣ, ҳамчунин ҳамкориҳои муассиса ва ташкилотҳои хайриявии ду кишварро дар чорчуби санадҳои баимзорасида баррасӣ намуданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan