Мулоқот бо Сафири Япония

04.08.2016 18:00

4 августи соли 2016 мулоқоти Муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори  Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаҷиме Китаока баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Япония мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо инчунин роҷеъ ба Ҳамоиши дар пешистодаи байналмиллалии сатҳи баланд оид ба ҳадафи шашуми рушди устувор ва вазифаҳои вобаста ба он таҳти унвони “Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва беҳдошт” (Душанбе, 9-11 августи соли 2016), ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи идоракунии офатҳои табиӣ ва ҳамкории минбаъда дар доираи Муколамаи Осиёи Марказӣ + Япония табодули назар карданд.

Нигористон

Тақвим