Нишасти хабарии Сафорати ҶТ дар Теҳрон

26.07.2016 13:43

25 июли соли 2016 дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон бо иштироки васеи рўзноманигорони дохилӣ ва хориҷӣ, намояндагони вазорату идораҳои ҶИЭ ва ҳайати дипломатии муқими Эрон  дар робита ба  таҷлили ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳамоиши байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳадафи шашуми рушди устувор ва вазифаҳои вобаста ба он таҳти унвони “Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва беҳдошт”,  ки баргузории он 9 -11 августи соли  2016 дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, нишасти хабарӣ  баргузор гардид.

Сафири Тоҷикистон дар ҶИЭ  Неъматулло Эмомзода оид ба дастовардҳои ҷумҳурӣ дар давраи истиқлолият сухан ронда, аз таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, тақвияти ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ташаккули сиёсати хориҷии кишвар ва  аҳамияти пеш гирифтани сиёсати «дарҳои боз», роҳандозӣ ва  таҳкиму густариши робитаҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои гуногуни олам ёдовар шуд.

Сафир қайд намуд, ки равобити гуногунҷанба ва мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар давраи истиқлолият пайваста густариш ёфта, то ба имруз беш аз 160 санади ҳамкории дуҷониба ба имзо расидааст.

Сафир ба саволҳои сершумори ВАО посух дода, дар фарҷоми нишаст  наворҳои видеоӣ оид ба дастовардҳои  Тоҷикистон ба ҳозирин пахш гардид.

Нигористон

Тақвим