Cупоридани эътимоднома ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон

16.07.2024 21:22

15 июли соли 2024 сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Шарифзода Юсуф эътимодномаи худро ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон супорид.

Юсуф Шарифзода салому паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Осиф Али Зардори расонд.

Ҳамчунин дар рафти мулоқот дар хусуси муносибатҳои Тоҷикистону Покистон дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

 

 

Нигористон

Тақвим