10 июли соли 2024 ҷаласаи навбатии Ҳайати мушовараи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси Ҳайати мушовара – вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Азамшо Шарифӣ, аъзои Ҳайати мушовара, сардорони сарраёсат, раёсатҳо ва муовинони онҳо, инчунин сардорони шуъбаҳои вазорат ва директори генералии КВД “Дипсервис”-и назди Вазорати корҳои хориҷӣ баргузор гардид.
Дар нишасти мазкур натиҷаҳои фаъолияти низоми Вазорати корҳои хориҷӣ дар 6 моҳи аввали соли 2024 ҷамъбаст гардида, нақша ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Аз натиҷаи ҷаласа аз ҷониби Ҳайати мушовара қарори дахлдор роҷеъ ба масоили муҳокимашуда қабул гардид.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan