9 июли соли 2024 мулоқоти сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ бо директори иҷроияи шабакаи иттилоотии “Ал-Ҷазира” Аҳмад бин Солим ал-Ёфиъӣ доир гардид.
Зимни суҳбат сафир доир ба таърих, урфу одатҳои миллӣ, унсурҳои таҳаммулпазири қадимаи халқи тоҷик, фазо ва низоми сармоягузорию имкониятҳои нодири сайёҳии Тоҷикистон маълумоти муфассал ироа намуд ва дар ин замина инъикоси мавзеъҳои нодири сайёҳии Тоҷикистон дар ин шабакаи ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan