Супоридани нусхаи Эътимоднома ба Муовини вазири корҳои хориҷӣ

18.07.2016 14:40

18 июли соли 2016 Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода сафирони Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Лаҳистон Петр Ивашкевич, Босня ва Гертсеговина Кемал Муфтич ва Ҷумҳурии Чили Хуан Эдуардо Эгигуренро ба муносибати супоридани нусхаҳои Эътимодномаҳо ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқоти баъд аз маросими супоридани нусхаҳои эътимодномаҳо доиргашта, Муовини вазири корҳои хориҷӣ сафиронро бинобар ба ин вазифа таъйин шуданашон табрик намуда, ба онҳо ҷиҳати таҳким ва густариши муносибатҳои мутақобилан судманд бо Тоҷикистон ва пешбурди фаъолияти касбиашон комёбиҳо орзу кард.

Ҷонибҳо оид ба доираи васеи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ, сайёҳӣ, фарҳангиву гуманитарӣ  ва дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ табодули назар карданд. Азми тарафҳо ҷиҳати минбаъд низ инкишоф додани ҳамкориҳои самарабахш дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ таъкид карда шуд.

Супоридани нусхаи Эътимоднома ба Муовини вазири корҳои хориҷӣ

Супоридани нусхаи Эътимоднома ба Муовини вазири корҳои хориҷӣ

Супоридани нусхаи Эътимоднома ба Муовини вазири корҳои хориҷӣ

Нигористон

Тақвим