Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор гардида, дар ҳузур ва бо иштироки Пешвои миллат ва Сарвазири Покистон 9 санади муҳим ба имзо расид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф ба Изҳороти муштарак байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон аз натиҷаи сафари давлатии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созишномаи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон имзо гузоштанд.
Сипас, санадҳои зерин ба имзо расид:
- Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон барои солҳои 2025-2026;
- Протоколи нияти ҳамкорӣ байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати федералии корҳои баҳрии Ҷумҳурии Исломии Покистон дар бораи густариши ҳамкорӣ дар содирот ва воридоти молҳо ва маҳсулоти саноатӣ;
- Созишнома оид ба ҳамкории илмӣ байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Покистон;
- Харитаи роҳ байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи рушди сайёҳии Ҷумҳурии Исломии Покистон;
- Ёддошти тафоҳуми иловагӣ байни Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маъмурияти авиатсияи граждании Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба хизматрасонии алоқаи ҳавоӣ;
- Ёддошти тафоҳум миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (Душанбе, Тоҷикистон) ва Донишгоҳи Панҷоб (Лаҳор, Покистон);
- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Федератсияи крикети Тоҷикистон ва Шурои крикети Покистон.
Пас аз анҷоми маросими имзои санадҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шаҳбоз Шариф нишасти матбуотӣ ороста, натиҷаҳои мулоқоту музокироти Тоҷикистону Покистонро неку самарабахш арзёбӣ намуданд.
http://www.president.tj/node/33690