18 июли соли 2016 Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ Cафири Фавқулода ва Мухтори Австралия Питер Тешро ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Таиланд (бо иқоматгоҳ дар ш. Остона) Нат Пинёваттаначипро ба муносибати супоридани нусхаҳои Эътимодномаҳо ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқоти баъд аз маросими супоридани нусхаҳои эътимодномаҳо доиргашта, Муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ сафиронро бинобар ба ин вазифа таъйин шуданашон табрик намуда, ба онҳо ҷиҳати таҳким ва густариши муносибатҳои мутақобилан судманд бо Тоҷикистон ва пешбурди фаъолияти касбиашон комёбиҳо орзу кард.
Ҷонибҳо оид ба доираи васеи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ, сайёҳӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва ҳамчунин дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ табодули назар карданд. Азми тарафҳо ҷиҳати минбаъд низ инкишоф додани ҳамкориҳои самарабахш дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ таъкид карда шуд.