Мулоқот бо ноиби Президенти Бонки умумиҷаҳонӣ Антонелла Бассани ва ноиби Президенти Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ Хела Шейхроуху

02.07.2024 12:46

1 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноиби Президенти Бонки умумиҷаҳонӣ Антонелла Бассани ва ноиби Президенти Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ Хела Шейхроухуро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо сохторҳои гурӯҳи Бонки умумиҷаҳонӣ аз ҷумла Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ баррасӣ шуд.

“Тоҷикистон Гурӯҳи Бонки умумиҷаҳониро яке аз  шарикони асосии худ медонад” - иброз доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат.

Таъкид гардид, ки давоми 30 соли ҳамкории пурсамар портфели маблағгузории Бонк аз Ассастсиатсияи байналмилалии рушд ва Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ дар маҷмуъ беш аз 190 лоиҳаро бо маблағи умумии зиёда аз 3,2 миллиард доллар дар бар мегирад.

Ҷонибҳо зимни мулоқот таъсири манфии омилҳои беруна ба иқтисоди Тоҷикистон ва хавфҳои афзоишёбанда ба робитаҳои тиҷоратӣ дар бозорҳои ҷаҳониро муҳокима намуданд.

Дар ин зимн тобовар намудани иқтисодиёт ба таҳдиду хатарҳои имрӯза, пеш аз ҳама, бо роҳи ҷалби бештари сармоя ва идомаи раванди ислоҳот тақозои замон номида шуд.

Дар рафти суҳбат ҳамчунин масоили рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои иҷтимоӣ, энергетикӣ, саноат, кишоварзӣ, инфрасохторию коммуникатсионӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав ва коҳиш додани шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид. 

Пешбурди иқтисоди сабз, истеҳсоли “неруи сабз”, рақамикунонӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои “сабз” аз мавзуъҳои дигар ва муҳими вохӯрӣ буд.

Дар идомаи суҳбат Президенти кишвар бо истифода аз ҳузури хонум Шейхроуху, алоқамандии Тоҷикистонро ба истифодаи фаъоли имкониятҳои ҳамкорӣ бо Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ иброз намуданд.

Густариши муносибатҳо бо Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ ҷиҳати инкишофи бозорҳои молиявӣ, зерсохтори энергетикиву бахшҳои воқеии итисодиёт, соҳаҳои сайёҳиву хизматрасонӣ зарур шумурда шуд.

Дар мулоқот ҳамчунин оид ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ табодули андеша сурат гирифт.

http://www.president.tj/node/33678

Нигористон

Тақвим