Ҳамоиши гиромидошти назми тоҷик дар Берлин

19.06.2024 13:29

Бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамкорӣ бо Бунёди фарҳангии шаҳри Берлин дар бинои намояндагии дипломатӣ ҳамоиши фарҳангӣ таҳти унвони “Бӯи ҷӯи Мулиён. Аз Зардушт то ба имрӯз” баргузор гардид, ки дар он адибон, шарқшиносон ва ҳаводорони забону фарҳанги тоҷик иштирок намуданд.

Ҳамоишро сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба фарҳанг ва арзишҳои миллӣ суханронӣ намуд. Ӯ изҳор дошт, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг», Қонун дар бораи «Забони давлатӣ», эълон намудани иди Наврӯз ҳамчун ҷашни байналмилалӣ, қайд намудани «Рӯзи фалак», «Иди меҳргон», «Рӯзи китоб» ва дигар чорабиниҳои сатҳи баланд, далели талошҳои доимии Ҳукумати Тоҷикистон дар самти рушду нумӯъи фарҳанги миллӣ мебошад.

Шарқшиноси маъруфи олмонӣ, профессор Удо Штайнбах, ки солҳои тӯлонӣ (1976-2006) роҳбарии Институти шарқшиносии Олмонро ба уҳда дошт, дар бораи нақшу мақоми назми тоҷик аз замони Рудакӣ то даврони муосир суханронии пурмӯҳтаво анҷом дод. Ӯ аз чопи китоби тарҷумаи ашъори шоирони муосири тоҷику форс “Лирикаи форсӣ дар асри XXI” дар соли 2021 ёдовар шуд.

Сипас намунаҳои эҷодиёти классикони тоҷику форс ва ашъори Бозор Собир, Аскар Ҳаким, Гулрухсор, Искандари Хатлонӣ, Низом Қосим, Рустами Аҷамӣ ва Фарзона бо забони олмонӣ аз сӯйи профессор Удо Штайнбах ва мутарҷими шинохта Курт Шарф ва ба забони тоҷикӣ – форсӣ аз ҷониби тарҷумон Алии Абдуллоҳӣ, ҳунарманд Муҳайё Тоҳирӣ ва шоир Фирдавси Аъзам қироат карда шуд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим