Супоридани нусхаи Эътимоднома

12.07.2016 13:46

11 июли соли 2016 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Юсуф Шарифзода нусхаи Эътимодномаи худро ба Муовини Сардори Раёсати ташрифоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея Ли Ҷунг-ил расман супорид.

Ҷонибҳо сатҳи муносибатҳои кунуниро мусбат арзёбӣ карда, омодагиашонро ба таҳкими минбаъдаи робитаҳо ва рушди шарикии иқтисодӣ байни ду кишвар таъкид намуданд.

Ли Ҷунг-ил Сафирро бинобар ба ин вазифа таъйин гардиданаш табрик намуда, ба ӯ ҷиҳати амалигардонии фаъолияти дипломатӣ комёбиҳо таманно намуд.

Супоридани нусхаи Эътимоднома

Нигористон

Тақвим