Ҳайати кормандони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба шаҳодати вазири муҳтарами корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён дар пайи суқути чархбол изҳори андӯҳи амиқ мекунад.
Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён ба сифати сиёсатмадор ва дипломати барҷаста дар густариши фарогири робитаҳои ду кишвари ҳамзабон, ҳамфарҳанг ва дӯсту бародар саҳми бориз дошт.
Дӯст ва бародари мо бо беҳтарин хислатҳои инсонию ҳирфаии худ дар қалбҳоямон абадӣ хоҳад монд.
Дар ин робита ба ҳайати кормандони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон тасаллият ва ба наздикону пайвандони шаҳидшудагон сабри ҷамил иброз мегардад.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan