Мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин

19.05.2024 13:41

19 майи соли 2024 мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо узви Бюрои сиёсии Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Чин (КМ ҲКЧ), роҳбари Дафтари Комиссияи корҳои хориҷии КМ ҲКЧ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доираи васеи ҳамкориҳои дуҷониба, масъалаҳои амнияти минтақавӣ, ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳо, инчунин тадорукоти сафари давлатии дарпешистодаи Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпинро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуданд.

Зимнан вазирон перомуни масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ, инчунин ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла СММ, СҲШ инчунин дар чаҳорчӯби қолаби Осиёи Марказӣ+Чин табодули назар карданд.

Инчунин, дар музокирот ба самти гуманитарӣ диққати махсус дода шуд. Пешниҳод шуд, ки соли ҷорӣ рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Чин ва соли оянда рӯзҳои фарҳанги Чин дар Тоҷикистон баргузор шаванд.

Дар фарҷоми мулоқот Барномаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин барои солҳои 2025-2026 ба имзо расид.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим