16 майи соли 2024 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо муовинони вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт оид ба созмонҳои байналмилалӣ Абдулазиз Сауд ал-Ҷоруллоҳ ва оид ба рушд ва ҳамкориҳои байналмилалӣ Ҳамад Сулаймон ал-Мишъон баргузор гардид.
Зимни мулоқотҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, инчунин иштироки ҷониби кувайтӣ дар 3-юмин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, 2018-2028, ки 10-13 июни соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамзамон, худи ҳамон рӯз мулоқоти сафири Тоҷикистон бо мудири кулли Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб Валид Шимлон ал-Баҳар баргузор гардид.
Дар вохурӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба ҳолат ва дурнамои ҳамкорӣ, афзоиш додани саҳми Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб дар маблағгузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳо ва иншооти муҳимми кишвар, аз ҷумла иштирок дар лоиҳаи сохтмони НБО-и “Роғун”, тармим ва бунёди шоҳроҳҳо ва дигар тарҳҳои навро муҳокима намуданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan