Вохӯрии вазири корҳои хориҷӣ бо сафири Штатҳои Муттаҳидаи Америка

02.05.2024 20:15

02.05.2024.20.13.jpg

2 майи соли 2024 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мануэл Микаллерро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили мубрами муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ намуда, ба сатҳу мундариҷаи равобити гуногунҷанба дар руҳияи дӯстию шарокати дарозмуддат баҳои баланд доданд.

Бавежа мавзуъҳои таҳкими муколамаи сиёсӣ ва амну суботи минтақавӣ, густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону ШМА дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, сармоягузорӣ ва гуманитарӣ, инчунин пешбурди тамосу музокироти созанда дар сиғаи “С5+1” дар меҳвари таваҷҷуҳи мусоҳибон қарор доштанд.

 

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим