Баргузории чорабинӣ марбут ба обу иқлим

02.05.2024 18:22

30 апрели соли 2024 бо ташаббуси намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева дар ҳамкорӣ бо Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ чорабинии кишварҳои узви СММ марбут ба обу иқлим барпо гардид.

Намояндаи доимии Тоҷикистон Ш.Шерализода дар суханронии хеш ҳифзи захираҳои обии минтақа ва истифодаи сарфаракоронаи онҳоро муҳим хонда, диққати ширкаткунандагонро ба ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои обӣ, ки барои пешбурд ва татбиқи Ҳадафҳои рушди устувори марбут ба об мусоидат менамоянд, ҷалб намуд. Дар ин росто, оид ба омодагӣ ба Конфронси 3-юми Душанбе оид ба Даҳасолаи амал оид ба об маълумот дод.

Зимни чорабинӣ иштирокчиён инчунин оид ба масъалаҳои обу иқлим ва роҳҳои нави ҳамкорӣ, чорабиниҳои муҳими сатҳи баланд дар самти об ва иқлим, аз ҷумла Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP 28, COP 29), Форуми ҷаҳонии об ва Конфронси оби Душанбе мавриди баррасӣ қарор доданд.

 

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим