23 апрели соли 2024 зимни сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Италия ҷонибҳо Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Италияро оид ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ба имзо расониданд.
Дар асоси созишномаи баимзорасида шаҳрвандони ҳар яке аз Тарафҳо, ки дорандаи шиносномаҳои дипломатӣ мебошанд, метавонанд ба ҳудуди Тарафи дигар бе дастрасии раводид ба муддати на зиёда аз навад (90) рӯз ворид, хориҷ, ба таври транзитӣ убур ва будубош намоянд. Ин озодкунӣ барои як давраи мувофиқ ё фосилаи навад (90) рӯз дар давоми як саду ҳаштод (180) рӯз аз рӯзи ворид шудан ба ҳудуди Тарафи қабулкунанда эътибор дорад.
Созишномаи мазкур ба муҳлати номуайян баста шуда, баъд аз 30 (сӣ) рӯзи гирифтани огоҳиномаи охирини хаттӣ тавассути роҳҳои дипломатӣ дар бораи иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардани Созишномаи мазкур заруранд, эътибор пайдо мекунад.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan