15-16 июни соли 2016 дар шаҳри Исломобод ҷаласаи панҷуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва техникӣ бо роҳбарии ҳамраисони он Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ва Вазири об ва энергетикаи Покистон Хоҷа Муҳаммад Осиф баргузор гардид.
Намояндагони вазорату идораҳои Тоҷикистону Покистон, масъулони соҳаҳои энергетика, рушди иқтисод ва савдо, саноат, нақлиёт ва ғайра дар кори ҷаласа иштирок намуданд.
Ҷонибҳо масъалаҳои муҳими муносибатҳои дуҷониба, аз он ҷумла ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, тавсеаи минбаъдаи пояи ҳуқуқию шартномавӣ, рушди ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика, нақлиёт, саноат ва дигар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳро баррасӣ намуданд.