Вохӯрии сафир бо роҳбари ММДБОМ Каха Имнадзе

16.04.2024 18:02

16,04,2024,18,05.jpg

16 апрели соли 2024 дар Ашқобод сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ниятбекзода Вафо бо намояндаи вежаи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ Каха Имнадзе вохӯрӣ намуд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Марказ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамзамон ҳамсӯҳбатон чорабинии дарпешистодаи сеюмин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор 2018-2028”-ро, ки 10-13 июни соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, баррасӣ намуданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим