12 апрели соли 2024 дар Минск вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар Вохӯрии ҳафтуми вазирони корҳои хориҷии қолаби Осиёи Марказӣ ва Русия ширкат намуд.
Вазирон дар бораи ҳолат ва дурнамои рушди ҳамкориҳои шашҷониба бо тамаркуз ба татбиқи натиҷаҳои саммити якуми қолаби мазкур, ки моҳи октябри соли 2022 доир гардида буд, табодули афкор анҷом доданд.
Зимни суханронӣ С.Муҳриддин қайд кард, ки дар пасманзари таҳаввулоти босуръат дар сиёсат ва иқтисоди ҷаҳонӣ, муколамаи самимона ва боэътимод байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия аҳаммияти вежаро касб мекунад.
Вазири корҳои хориҷӣ мавқеъ ва назари Тоҷикистонро роҷеъ ба масоили коркард ва қабули Нақшаи муштараки амал оид ба татбиқи натиҷаҳои саммити Осиёи Марказӣ ва Русия муаррифӣ кард.
Вазир қайд кард, ки рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар самти муҳоҷират дар қолаби Осиёи Марказӣ – Русия барои рушди иҷтимоию иқтисодӣ хусусияти мутақобилан судманд дорад. Дар робита ба ин, зарурати фароҳам овардани шароити муносиб барои захираҳои меҳнатӣ, таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо ва дар маҷмӯъ идоракунии оқилона ва дурандешонаи масъалаҳои муҳоҷират таъкид гардид.
Дар суханронии С.Муҳриддин таваҷҷуҳи вежа ба масъалаҳои татбиқи ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла дар бораи шурӯи лоиҳаи “Иқтисоди пешбинишаванда” ва қабули Барномаи ҳавасмандгардонии ҳамкорӣ дар соҳаи саноатӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия карда шуд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan